ЛОИҲАҲО АМАЛӢ МЕГАРДАНД

Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон дар ҳамкорӣ бо Ташкилоти ҷамъиятии Ассотсиатсияи миллии занҳои соҳибкори Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шарикони рушд (USAID) мизи мудаввар оид ба натиҷаи фаъолияти 3-солаи лоиҳаи «Соҳибкории бонувон воситаи васеъ намудани ҳуқуқ ва имкониятҳои занон»-ро дар толори тарабхонаи «Леваканд»-и шаҳри Қӯрғонтеппа гузаронид.

Раҳимзода Раъно-сардори раёсат бо сухани ифтитоҳӣ ба кори мизи мудаввар оғоз бахшид. Сипас, Лора Чизмо- роҳбари гурӯҳи рушди иқтисодии Оҷонсии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ дар Тоҷикистон (USAID), Малика Мирзобаҳодурова –директори иҷроияи Ассотсиатсияи миллии занҳои соҳибкори Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигарон суханрони намуда, оид ба натиҷаи лоиҳа  баҳои баланд дода шуд.  Лоиҳаи мазкур дар 5 ноҳияи дигр идома дорад.

 

Official sites

We are in social networks

Contact us

735140 шаҳри Қӯрғонтеппа

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11