ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЛҲОЛ ҲАФТ БАРНОМА АМАЛӢ ГАШТА ИСТОДААСТ   

  Имрӯзҳо аҳли ҷомеаро ба ташвиш овардааст ин риоя нагаштани қоидаҳои муайян ҳангоми омодасозии ғизо ва истеъмоли он дар байни модарону кӯдакон мебошад. Аз ин рӯ, шумораи гирифторони бемориҳои камхунию норасоии ёд миёни занон ва камвазнию қадпастӣ миёни кӯдакони сини то 2 сола зиёдтар ба мушоҳида мерасад.  Албата ҷой доштани чунин мушкилиҳо аз мадди назари Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дур намонда дар ҳамбастагӣ бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаҳои гуногуне руйи кор омада, танҳо дар ҳудуди вилояти Хатлон алҳол 7 барнома бо ҷалби шарикони рушд, маҳз дар ҳамин самт амалӣ гашта истодааст.

Шоди Абдураҳмонов –мутахассиси пешбари Раёсати тандурустии вилояти Хатлон, тавре иброз намуд “яке аз сабабҳои беморшавӣ ва фавти бармаҳалли модарону кӯдакон ин норасоии микроэлементҳо дар организми онҳо мебошад. Мутобиқи таҳлилҳои гузаронидашуда дар солҳои 2009-2012, нисбати дигар минтақаҳои вилояти Хатлон , камхунӣ дар байни модарону кудакон бештар ба қайд гирифта шудааст. Аз ин рӯ, мо қисми зиёди қувваи меҳнатии мутахассисони соҳавиро, баҳри солимии модарону кӯдакони шаҳру навоҳии минтақаи Қӯрғонтеппа равона кардаем”.

Бо дарки ин мушкилот, яъне  ҷой доштани камғизоӣ миёни  модарону кӯдакон,   бо иқдом ва ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташкилоти байналхалқӣ барномаҳои амалие рӯи даст гирифта шудааст, ки ин ташкилоти “Интрахелс” дар вилояти Хатлон мебошад..

Мувофиқи таҳлилҳои масъулин  тайи 4 соли охир танҳо дар  вилояти Хатлон, оид ба ғизо, корҳои назарасе анҷом ёфтааст.  Ба роҳ мондани барномаҳои амалӣ ба мутахассисони соҳа имкон фароҳам овардааст, ки фавти бармаҳалли модаронро пешгирӣ ва мушкилоти норасоии ғизову қадпастӣ дар байни кӯдакон, то андозае бартараф карда шавад.

Бо ҳамин мақсад масъулини идораҳои дахлдор ба соҳа  ҷиҳати  беҳтар сохтани сатҳу сифати корҳо дар самти таъмини ғизои солим ба  модарону кӯдакон ва бо ин роҳ аз байн бурдани камғизоӣ миёни ин афроди ҷомеа инчунин пешгирӣ намудани фавти модару кӯдак чораҳои зарурӣ меандешанд.

Official sites

We are in social networks

Contact us

735140 шаҳри Қӯрғонтеппа

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11