БАРГУЗОРИИ СЕМИНАР ВА ПЕШГИРИИ НУҚСОНҲОИ МОДАРЗОДӢ ДАР ВИЛОЯТ

Бо мақсади вусъат додани фаъолият дар самти ташхиси мукамалу табобати бемориҳои ғайрисироятӣ аз ҷумла «Ҷанбаҳои муосири беҳиснамоӣ ва табобати наҷотбахшӣ», «Табобати муосири бемории диққи нафас» аз  тарафи мутахассисони Ҷумҳурии Украина  санаи 19 сентябри соли 2017,  дар  толори  Беморхонаи  клиникии   вилоятии  ба  номи Б. Воҳидов,  барои табибони эҳёгар ва амрози  даруна  семинар  баргузор гардид.

Ҳамчунин 20 сентябри соли ҷорӣ аз тарафи мутахассисони Маркази генетикаи тиббии ҷумҳуриявӣ дар Маркази саломатии шаҳри Қӯрғонтеппа зиёда аз 50 нафар занони ҳомиладор оиди бемориҳои нуқсонҳои модарзодӣ аз ташхис гузаронида шуданд. Чунин иқдомҳо низ дар шаҳри Сарбанд ва ноҳияи Вахш гузаронида хоҳанд шуд. Дар назар аст, ки   филиали  Маркази генетикаи тиббии ҷумҳуриявӣ дар шаҳри Қӯрғонтеппа кушода мешавад.

Official sites

We are in social networks

Contact us

735140 шаҳри Қӯрғонтеппа

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11