Баргузории чорабиниҳои фарҳанги бахшида ба таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон

      Бо ибтикори Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар қисмҳои ҳарбии 0336 –и Раёсати Қушунҳои сарҳадӣ ва 0340 – и ВКД воқеъбуда дар шаҳри Қӯрғонтеппа ба муносибати таҷлили 25- умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабиниҳои маърифатӣ – фарҳангӣ баргузор карда шуданд.

  Дар ин чорабиниҳо намояндагони ИҶТ Иброҳимов А., Абдуллоев А., намояндагони ФИҶТ дар вилояти Хатлон Исматуллозода Ҷ. ва Бобоев Б. ширкат ва суханронӣ намуданд. Қайд гардид, ки роҳбарияти давлату ҳукумати кишвар ба насли ҷавон доимо таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, барои беҳ гардонидани сатҳи таълиму тарбия ва ҳаёти иҷтимоиву иқтисодии онҳо шароитҳои мусоид фароҳам меоварад.

     Дар ин раванд ба як қатор афсарону сарбозон барои хизмати содиқона ба халқу ватан туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуда, аз ҷониби волонтёрон ба сарбозон маводҳои иттилоотӣ  бахшида ба 25- умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон низ тақсим карда шуданд.

       Ҳамчунин бо роҳбарии ҳунарманди маҳбуб,  директори Театри мусиқӣ- мазҳакавии ба номи А. Муҳаммадҷонови шаҳри Қӯрғонтеппа Абдуллоев А. барномаи фарҳангӣ бо фарогирии намоишҳои ҳаҷвии театрикунонидашуда ва сурудҳои ҷаззоб пешкаш гардиданд. Чунин чорабиниҳо дар дигар шаҳру ноҳияҳои вилоят низ баргузор карда мешаванд.

 

 

 

Official sites

Рисунок1.png

We are in social networks

Contact us

735140 шаҳри Қӯрғонтеппа

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11