Имрӯз дар бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бо иштироки раиси Комиссия, муовини раси вилояти Хатлон М. Хидирзода ҷаласаи Комиссияи вилоятӣ оид ба пешниҳоди хонандагони аълохон ва навовару эҷодкори муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳру ноҳияҳои вилоят ба стипендияи раиси вилояти Хатлон дар соли 2019 баргузор гардид.

Дар кори ҷаласса аъзёони Комиссия сардорони Сарраёсат ва раёсатҳои молия, рушди иқтисод ва савдо, кор бо занон ва оила, маориф, ҷавонон ва варзиш, Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, мудирони шуъбаҳои рушди иҷтиоӣ ва робита бо ҷомеа, маъмурию ҳуқуқии дастгоҳи раиси вилоят, мудири бахши Раёсати маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дар гурӯҳи шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб, директорони Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои назди Раёсати маориф, Маркази технологияи информатсионӣ ва коммуникатсияи назди Раёсати маориф, марказҳои таҳсилоти иловагии вилоят дар шаҳрҳои Бохтар ва Кӯлоб ва муовинони соҳавии раисони шаҳру ноҳияҳои Кӯлобу Кӯшониён иштирок намуданд.

Аъзои Комиссия аз байни хонандагони болаёқати шаҳру ноҳияҳои вилоят 70 нафар беҳтаринҳоро интихоб намуда барои дарёфти стипендияи раиси вилояти Хатлон барои соли таҳсили навбатӣ пешниҳод намуданд.

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here