60 Рӯзи Меҳнати Зарбдор

Ҳунармандони маъруфи тоҷик ба кумаки марди деҳқон рафтанд

Имрӯз, 20 декабр, дар мавзеи Офтобаки хоҷагии "Кӯлоб"-и ноҳияи Вахш ҳашари умумии ҷамъоварии пахта сурат гирифт, ки дар он роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, собиқадорони меҳнат, ҳунармандони саршиноси Тоҷикистон ширкат варзиданд.

Ҷаласаи навбатии ситоди "Ҳосил-2019" таҳти раёсати Қурбон Ҳакимзода

Нимаи дуюми имрӯз, 18 октябр, дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ҷаласаи навбатии ситоди вилоятии “Ҳосил-2019” таҳти роҳбарии раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода баргузор шуд.

Данғара, Хуросон ва Ҳамадонӣ - ғолибони даври сеюми мусобиқаи зарбдор

Имрӯз, 17 октябр, даври сеюми мусобиқаи меҳнатии 15-рӯза оид ба ҷамъоварии пахта дар вилояти Хатлон ҷамъбаст ва ғолибон бо мукофоти пулӣ қадрдонӣ шуданд.

Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ва раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ҳамаи ғолибони мусобиқаро шодбош гуфтанд.

Дар вилоят 207 ҳазору 301 тонна пахта ҷамъоварӣ шудааст

Тибқи маълумоти фаврии Сарраёсати кишоварзии вилояти Хатлон, то рӯзи 11 октябр пахтакорони вилояти Хатлон 207 ҳазору 301 тонна ҳосили «тиллои сафед»-ро ҷамъоварӣ кардаанд, ки ба 75,3 дарсади дурнамои солона баробар аст.

"60 рӯзи меҳнати зарбдор". Пахтакорони Шаҳритуз ба марра наздик мешаванд (ВИДЕО)

60 РӮЗИ МЕҲНАТИ ЗАРБДОР

То рӯзи 7 октябр пахтакорони вилояти Хатлон 188 ҳазору 288 тонна ҳосили «тиллои сафед»-ро ҷамъоварӣ кардаанд, ки ба 68,4 дарсади дурнамои солона баробар аст.

Ҳашари навбатӣ: Заркорони Кӯшониён 25 ҳазор тонна ҳосил рӯёниданианд (ВИДЕО)

Раиси Кумитаи занон ва оила дар пахтазор

Имрӯз, 6 октябр, дар хоҷагии деҳқонии ҶДММ Иттиҳодияи аграрии «Водии заррин», воқеъ дар деҳаи Пахтақайнари Ҷамоати деҳоти “Сарвати Истиқлол”-и ноҳияи Кӯшониён, ҳашари навбатии ҷамъоварии ҳосили пахта бо иштироки роҳбарият ва кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, ташкилоту муассисаҳои вилоятӣ, ҷамъан беш аз ҳазор нафар, барпо шуд.

Pages

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.png vk.pngyoutube.png

 
 

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Бохтар

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj              

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.