То рӯзи 7 октябр пахтакорони вилояти Хатлон 188 ҳазору 288 тонна ҳосили «тиллои сафед»-ро ҷамъоварӣ кардаанд, ки ба 68,4 дарсади дурнамои солона баробар аст.

Дирӯз кишоварзони шаҳру навоҳии пахтакор 3866 тонна пахтаро ғунучин намуда, ба хирман супурдаанд.

Заркорони ноҳияи Шаҳритуз, ки рӯзи гузашта 150 тонна пахта ҷамъ овардаанд, 96,4 фисади дурнамои мавсимро иҷро намуда, ба марра наздик шудаанд. Аз аввали мавсим 11 ҳазору 514 тонна ҳосил ғундоштаанд. Бо ҷамъоварии 436 тонна пахта Шаҳритуз дурнамои солонаро пурра ба иҷро мерасонад.

Тибқи иттилои Сарраёсати кишоварзии вилояти Хатлон, ба ҳолати 6 октябри соли ҷорӣ ноҳияҳои Шаҳритуз, Дӯстӣ, Данғара, Носири Хусрав, Хуросон, Фархор, Ҷайҳун, Кӯшониён, Восеъ, Қубодиён аз сатҳи миёнаи вилоят бештар пахта ҷамъ овардаанд.

Пахтакорони шаҳри Кӯлоб ва ноҳияи Вахш, мутаассифона, то имрӯз ба иҷрои 50% дурнамо муваффақ нашудаанд.

Қобили зикр аст, ки бо ибтикори раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода то рӯзи 16 ноябр дар доираи иқдоми “60 рӯзи меҳнати зарбдор дар пахтазор” мусобиқаи меҳнатии 15-рӯза оид ба ҷамъоварии ҳосили пахта идома намуда, ҳар ним моҳ ба се шаҳру ноҳияе, ки нишондиҳандаи баландро соҳиб мешаванд, мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 15 ҳазор сомонӣ, 10 ҳазор ва 5 ҳазор сомонӣ тақдим хоҳад шуд.

19 шаҳру ноҳияи вилояти Хатлон хоҷагиҳои пахтакор дошта, кишоварзони вилоят ният доранд, ки дар ин мавсим 275,2 ҳазор тонна пахта рӯёнанд.

Шуъбаи иттилоотию таҳлилии

дастгоҳи раиси вилояти Хатлон

 

 

Шаҳру ноҳияҳо

Фоизи иҷро

Дар 1 рӯз

Аз аввали мавсим

1

Левакант

0,7

102,3

2

Бохтар

0,0

100,8

3

Шаҳритус

1,3

96,4

4

Дӯстӣ

1,3

81,6

5

Данғара

2,4

80,7

6

Н. Хусрав

2,1

74,7

7

Хуросон

1,6

74,5

8

Фархор

0,7

71,8

9

Кӯшониён

1,6

71,4

10

Ҷайҳун

1,7

71,4

11

Восеъ

0,0

69,2

12

Қубодиён

1,6

68,9

13

Ёвон

20

68,2

14

Панҷ

2,4

66,3

15

Ҳамадонӣ

1,4

66,3

16

Ҷ. Балхӣ

1,0

65,4

17

А. Ҷомӣ

1,9

58,9

18

Кӯлоб

0,7

43,3

19

Вахш

1,0

40,5

Дар вилоят

1,4

68,4

 

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here