Субҳи имрӯз, 17 сентябр, дар майдони теппаи «Қӯрғон»-и шаҳри Бохтар ҳамоиши мутантане ба муносибати ҷамъбасти даври якуми мусобиқаи меҳнатии 15-рӯза оид ба ҷамъоварии пахтаи ҳосили соли 2019 доир гардид.
60 рӯзи меҳнати зарбдор дар пахтазор (гузориши видеоӣ)
Дар ин ҳамоиш раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода, муовини аввал, муовинони раиси вилоят, роҳбари дастгоҳ, раисони шаҳру навоҳии вилоят ширкат варзиданд.
Бо ибтикори раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода бо мақсади қадршиносии диловарони саҳро ва баланд бардоштани ҳавасмандии пахтакорони шуҳратёри вилоят дар миёни шаҳру навоҳии пахтакор мусобиқаи меҳнатӣ доир гардида, ҳар 15 рӯз он ҷамъбаст ва ғолибон дар вазъияти тантанавӣ мукофот хоҳанд гирифт.
Дар даври аввали мавсими пахтачинӣ заркорони Шаҳритуз, Бохтар ва Левакант ғолиб дониста шуданд. Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода ба раиси ноҳияи Шаҳритуз 15 ҳазор сомонӣ мукофоти пулии мусобиқаро супориданд. Ҳамин тавр, ба раисони шаҳрҳои Бохтару Левакант, ки дар мақомҳои дуюму сеюми мусобиқа қарор гирифтанд, мутаносибан 10 ҳазор ва 5 ҳазор сомонӣ тақдим шуд.
Раиси вилоят қайд карданд, ки хоҷагиҳои пахтакори вилоят то 16 сентябр ба корхонаҳои пахтатозакунӣ ва нуқтаҳои қабул беш аз 44 ҳазор тонна пахта супориданд, ки ба 16,2 дарсади дурнамои солона баробар мебошад.
Қурбон Ҳакимзода бо ситоиш аз натиҷаи хуби кори кишоварзони Шаҳритуз, Бохтар, Левакант, Кӯшониён, Қубодиён ва Дӯстӣ, ки пешоҳанги мусоҳбиқаи меҳнатӣ мебошанд, таъкид намуданд, ки гузоштани заминаи хуби ҳосил, ташкили дурусти кор, сафарбаркунии саривақтии қувваҳо гарави муваффақият хоҳад буд.
— Пахта бойигарии мост, ин ҳақиқатест, ки исботро талаб намекунад, — зикр намуданд раиси вилоят. – То кӯраки охирин чидани пахта қарзи шаҳрвандии ҳар як фарди бонангу номуси вилоят бояд бошад. Зеро ин омил ба нишондиҳандаҳои корхонаҳои саноатии шаҳру ноҳияҳои вилоят бевосита таъсир намуда, барои ғанӣ гардонидани буҷети давлатӣ мусоидат менамояд.
Дар интиҳо раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода бо изҳори итминон ба азми пахтакорони Хатлонзамин барои беталаф ҷамъоварӣ намудани ҳосили пахта, пешниҳод намуданд, ки дар вилоятамон “60 рӯзи меҳнати зарбдор дар пахтазор” эълон карда шавад. Ин пешниҳоди раиси вилоят бо кафкӯбии иштирокдорони ҳамоиш исмтиқбол гардид. “60 рӯзи меҳнати зарбдор дар пахтазор” қарор аст, ки 16 ноябр дар Рӯзи Президент ҷамъбаст гардад. Ба идораҳои кишоварзии шаҳру навоҳие, ки дурнамои солонаи пахтаро пурра ба иҷро мерасонанд, мошинҳои сабукрав тақдим хоҳад шуд.
Шуъбаи иттилоотию таҳлилии
дастгоҳи раиси вилояти Хатлон