«Модар фаришта буд, фақат болу пар надошт,
Шояд, ки дошт болу пар, аммо хабар надошт…»

   Таҳти ин мисраҳои шеърии шоир Мирали Салим санаи 13-декабр дар толори  хониши оммавии Муассисаи давлатии Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон ба номи Шамсиддин Шоҳин  бо иштироки хонандагони фаъоли китобхона  бахшида ба 50-солагии зодрӯзи шоир Мирали Салимов маҳфили шеър  баргузор карда шуд.  Дар маҳфил китобдорон ба хонандагон оиди ашъори пурғановати шоири муоссири тоҷик  Мирали Салимов маълумот пешниҳод намуданд. Дар фуроварди маҳфил шеърҳои ватандустона аз ашъори шоир аз  ҷониби иштирокдорон  қироат гардид. Иштирокдорон аз намоиши китобии китобҳои шоир дидан намуданд.

 

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here