Тавре маълум аст, ҳамасолаи 4 — уми май дар қаламрави кишвар ҳамчун Рӯзи кормандони мақомоти андоз таҷлил карда мешавад. Таҷлил намудани ин рӯзи хотирмон дар сатҳи ҷумҳурӣ аз таваҷҷуҳи хосаи давлату ҳукумати мамлакат шаҳодат медиҳад.
Ҳамсуҳбати мо Дилшод Зиёев сармутахассиси Нозироти андози ноҳияи Восеъ мебошад. Дилшод собиқадори мақомоти андоз аст. Мақомоте, ки кормандонаш шабу рӯз баҳри ѓани гардонидани буҷаи ҷумҳурӣ талош меварзанд. Дар бисёр ҳолатҳо ба мушкилиҳои зиёд низ рӯ ба рӯ мешаванд. Лек бо ин ҳама мушкилиҳо нигоҳ накарда, қаноатро пешаи худ шуморида дар хизмати мардуманд. Дилшод мегуяд, ки донистану аз бар намудани бобу моддаҳои Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар қарорҳои марбут ба соҳаи андоз на ба ҳар кас муяссар мегардад. Дар мақомоти андоз фаъолият кардан пеш аз ҳама, шасх бояд бо андозсупорандагон хушмуомила ва масъулиятшинос бошад. Рафтори намунавӣ шахсро ба қуллаҳои мурод мерасонад. Дилшод Зиёев дар оилаи коргар ба дунё омада, мактаби миёнаро бо медали тилло хатм намудааст. Аз соли 2001-ум то соли 2004 дар мақомоти полиси андози ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ дар шуъбаи ҳабси анвол фаъолият карда то ба маснади сардори шуъбаи дар боло зикршуда расидааст. Баъди фаъолияти корӣ донишу малакаи худро сайқал дода соли 2009 сардори шуъбаи хизматрасонӣ бо соҳибкорони инфиродӣ Нозироти андози ноҳия ба кор шуруъ мекунад. Собиқаи 20 соли корӣ дар мақомоти андоз дорад. Дилшод миёни кормандон обрӯ ва эътибори хосса дорад. Номбурда соли 2015 бо Фармоиши Раиси Кумитаи андоз ба Нозироти андози ноҳияи Восеъ ба ҳайси сармутахассиси гуруҳи хизматрасонӣ бо соҳибкорони инфиродӣ Нозироти андози ноҳия фиристода мешавад. Айни замон дар вазифаи сармутахассиси гуруҳи хизматрасонӣ бо соҳибкорони инфиродӣ Нозироти андози ноҳияи Восеъ фаъолият мекунад.
Мо низ ба соҳиқадори мақомоти андоз Дилшод Зиёев, ки дар вазифаҳои гуногун аз полиси мақомоти андоз сар карда то ба маснади сармутахассис фаъолият намудааст, ба Рӯзи кормандони мақомоти андоз пеш аз ҳама, ба ӯ, саломатӣ, хушбахтӣ ва дар корҳои минбаъдааш бурдбориҳои беназиро тамано дорем.
Исломи РАҶАБАЛӢ,
Рӯзноманигор