Маблағи Ҷоизаи озмуни вилоятии беҳтарин маводи журналистӣ таҳти унвони «Эъҷози Истиқлол» 35 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Тибқи қарори раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода бо мақсади ҳавасмандсозӣ ва дастгирии рӯзноманигорон, кормандони расонаҳои хабарии вилоят ва ҷумҳурӣ, ки дар инъикоси раванди корҳои ободонию созандагӣ, тарғиби фаъолияти бунёдгаронаи соҳибкорон, аҳли ҷомеа, ташкилотҳои давлатию ҷамъиятӣ, имкониятҳои сайёҳии вилояти Хатлон, рушди деҳот, раванди рушду такомули соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ дар доираи омодагиҳо ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолона ширкат меварзанд, озмуни эҷодии «Эъҷози Истиқлол» доир мегардад.
Озмуни «Эъҷози Истиқлол» бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ба хотири рушди истеъдоди нигорандагӣ, дастгирии эҷодкорони вилоят, ташвиқу тарғиб намудани корҳои ободониву созандагӣ дар маҳаллаву деҳа, деҳоту шаҳрак, ноҳияву шаҳрҳо дар сатҳи вилоят ташкил карда мешавад.
Инъикоси густурдаи дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон, бозтоби рушди самтҳои иқтисодӣ-иҷтимоӣ ва натиҷагирӣ аз вазъи соҳаи фарҳангу маънавиёт ва бахшҳои гуногуни хоҷагии халқи вилоят дар давраи 30 соли соҳибистиқлолии кишвар, раванди корҳои ободонӣ ва натиҷаи дастовардҳои шаҳру навоҳии вилояти Хатлон дар доираи Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, арҷгузорӣ ба саҳми соҳибкорон ва ободгарони Ватан, ташвиқи таҷрибаи пешқадам, тарғибу ташвиқи сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти рушди деҳот ва ободу зебогардонии мавзеъҳои сайёҳии кишвар, ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеа ба зебопарастӣ, ободу зебогардонии Ватан ва саҳмгузорӣ дар рушди деҳу маҳал ва бунёду азнавсозии маҷмааҳои фарҳангӣ-маишӣ ва ободу ҳуснороии манзилҳои истиқоматӣ, инчунин ҷалби кормандони воситаҳои ахбори омма, шоирону нависандагон ва дигар эҷодкорон ба муаррифӣ, тарғибу ташвиқ ва инъикоси раванди ободию пешрафти соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи вилояти Хатлон аз ҷумлаи ҳадафҳои озмуни мазкур унвон мешавад.
Дар озмун рӯзноманигорон аз расонаҳои хабарии шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, инчунин журналистоне, ки вилоятро дар расонаҳои хабарии ҷумҳуриявӣ ва ҷаҳонӣ намояндагӣ мекунанд, иштирок карда метавонанд.
Озмун аз рӯйи номинатсияҳои зерин гузаронида мешавад:
— “Беҳтарин маводи чопӣ ва интернетӣ”;
— “Беҳтарин барномаи телевизионӣ”.
Маводи журналистии ба озмуни вилоятии «Эъҷози Истиқлол» пешниҳодшуда бояд тавассути телевизион, рӯзномаю маҷаллаҳо ва шабакаи интернет дар марҳилаи аз 1 январи соли 2020 то 20 августи соли 2021 пахш ва ё нашр гардида бошад.
Озмун дар арафаи ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъбаст гардида, ба ғолибон аз рӯйи ду номинатсия мукофотпулӣ ба таври зайл муқаррар карда мешавад:
— номинатсияи “Беҳтарин маводи чопӣ ва интернетӣ”
Ҷойи якум – 10000 сомонӣ
Ҷойи дуюм – 5000 сомонӣ
Ҷойи сеюм – 2500 сомонӣ
- номинатсияи “Беҳтарин барномаи телевизионӣ”
Ҷойи якум – 10000 сомонӣ
Ҷойи дуюм – 5000 сомонӣ
Ҷойи сеюм – 2500 сомонӣ
Инчунин барои иштироки фаъолона рӯзноманигорон бо «Ифтихорнома» ва «Сипоснома» сарфароз гардонида мешаванд.
Бо матни пурраи қарори раиси вилояти Хатлон дар нишонии зайл метавонед шинос гардед:
Шуъбаи иттилоотию таҳлилии
дастгоҳи раиси вилояти Хатлон