Ҳамасола якшанбеи сеюми моҳи май дар Тоҷикистон рӯзи  дави миллӣ баргузор мегардад. Имсол ин рӯз ба 20 май рост омада, он субҳи барвақт дар шаҳру навоҳии вилояти Хатлон оғоз мегардад.

 Ин иқдом бо мақсади таҳкими тарзи ҳаёти солим, рушду инкишофи соҳаи варзиш ва оммавияти он байни аҳолӣ, дар саросари мамлакат сурат мегирад. Ҳамчунин бо дар назардошти оммавӣ гардонидани намуди варзиши велосипедронӣ дар мамлакат ва ҷалби бештари аҳолӣ ба он, рӯзи 19 май, соати 9-00 дар саросари ҷумҳурӣ марафони велосипедронӣ  ба нақша гирифта шудааст.

  Бояд гуфт, ки соли гузашта дар маросими Дави миллӣ зиёда аз 172 ҳазор нафар сокинони сину соли гуногуни шаҳру навоҳии вилояти Хатлон иштирок намуда, дар интиҳо ба ғолибон медалу ифтихорномаҳо ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here