Ба диққати вакилони Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон
Рӯзи 11 декабри соли 2019, соати 9:00 дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон иҷлосияи бистуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон, даъвати панҷум бо баррасии масъалаҳои зерин баргузор мегардад:
- Ҳисоботи раиси вилояти Хатлон дар соли 2019.
- Дар бораи иҷрои буҷети вилояти Хатлон дар соли 2018 ва тасдиқи буҷети вилоят барои соли 2020.
- Дар бораи тасдиқи нақшаи кории Маҷлиси вакилони халқ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон барои соли 2020.
- Дар бораи таъсис додани Комиссияи вилоятии интихобот оид ба интихоботи Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон.
- Дар бораи муқаррар намудани ҳавзаҳои интихоботӣ оид ба интихоботи Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон.
- Масъалаҳои ҷорӣ.