Ассотсиатсияи журналистони риштаи варзиши Тоҷикистон (АЖРВТ) 10 варзишгари беҳтарини соли 2018- ро муайян кард. Дар ин бора раиси Ассотсиатсияи мазкур Нарзулло Латипов  иттилоъ дод.

 Бино ба иттилои манбаъ, дар асоси назарсанҷии хабарнигорони варзишӣ ба рӯйхати даҳ варзишгари беҳтарини сол инҳо дохил шуданд:

 Дилшод Назаров (варзиши сабук, гурзандозӣ) – барандаи медали нуқраи Бозиҳои XVIII тобистонаи осиёӣ, ғолиби Ҷоми байниқитъавии Ассотсиатсияи байналмилалии федератсияҳои варзиши сабук (IAAF Continental Cup).

Шаҳриёр Даминов (қаиқронӣ дар байдарка ва каноэ) – барандаи медали нуқраи Бозиҳои XVIII тобистонаи осиёӣ, чемпиони дукаратаи Осиё миёни ҷавонони то 23-сола.

Беҳрӯзи Хоҷазода (кураш ва самбо) – барандаи медали нуқраи Бозиҳои XVIII тобистонаи осиёӣ оид ба кураш ва медали биринҷии Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо.

Комроншоҳи Устопириён (дзюдо ва самбо) – барандаи медалҳои биринҷии Бозиҳои XVIII тобистонаи осиёӣ оид ба дзюдо ва самбо, ғолиби Гран-прии дзюдо дар Анталия.

Шакармамад Мирмамадов (дзюдо) — барандаи медали биринҷии Бозиҳои XVIII тобистонаи осиёӣ.

Хушқадам Хусравов (самбо) – чемпиони ҷаҳон;

Сорбон Латифов (самбои размӣ) — барандаи медали биринҷии чемпионати ҷаҳон.

Моҳрӯ Ҳалимова (таэквондо ВТФ) – барандаи медали биринҷии чемпионати Осиё.

Сомон Маҳмадбеков (дзюдо) – ғолиби Ҷоми Осиё, барандаи медалҳои нуқра ва биринҷии Ҷоми Аврупо миёни ҷавонон.

Идимоҳ Холова (бокс) – барандаи медали нуқраи Чемпионати Осиё миёни ҷавонон.

/АМИТ «Ховар»/

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here